Даъвати худдорӣ аз сафар ба Абхозистон аз муҳоҷирони тоҷик

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик, бахусус аз онҳое, ки муваққатан дар минтақаи ҷануби Русия кору зиндагӣ мекунанд, даъват кард, ки аз сафар ба Абхозистон худдорӣ варзанд. Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, марзи Русияву Абхозистонро шаҳрвандони тоҷик аслан ба хотири қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия убур […]

Пайрав Чоршанбиев


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик, бахусус аз онҳое, ки муваққатан дар минтақаи ҷануби Русия кору зиндагӣ мекунанд, даъват кард, ки аз сафар ба Абхозистон худдорӣ варзанд.

Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, марзи Русияву Абхозистонро шаҳрвандони тоҷик аслан ба хотири қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия убур мекунанд ва барои ин ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ раводиди Абхозистон зарур нест, вале зимни бозгашт аз онҷо ба Русия дар сурати мавҷуд будани маълумот дар бораи манъи вуруд ба Русия, марзбонон ба бозгашти онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ин мушкилиҳо ба бор меоварад.

«Аз Абхозистон ба Тоҷикистон роҳи мустақим бидуни убури қаламрави Русия мавҷуд нест ва дар ин робита мо аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаи ҷануби Русия даъват мекунем, ки миёни ҳамватанон дар ин хусус корҳои фаҳмонадиҳӣ гузаронанд», – иброз дошт дипломат.

Ба гуфтаи намояндаи сафорат, чанде қабл ба дипломатҳои тоҷик муяссар шудааст, ки ду нафар шаҳрвандони тоҷикро тавассути коридори тибқи мувофиқа бо сохторҳои дахлдори Русия бозшуда аз қаламрави Абхозистон хориҷ кунанд ва акнун онҳо дар муддати се рӯз бояд қаламрави Русияро тарк намоянд.

Эгамзод таъкид дошт, ки айни замон низ дар қаламрави Абхозистон шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба ин ҳол гирифторанд, ки вуруди дубораашон ба қаламрави Русияро иҷозат надодаанд.

«Барои ҳалли масъалаи марбут ба сафари транзитии шаҳрвандони мо тавассути қаламрави Русия вақт зарур буда, онро танҳо сохторҳои дахлдори Русия дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаи кишвари хориҷӣ дар Русия анҷом дода метавонанд. Тибқи мувофиқа онҳо як муддати муайяне ба истилоҳ як коридоре мекушоянд, ки шаҳрвандони хориҷӣ тариқи он ба ватан баргарданд ва дар ин самт мо бо ВКХ Русия ва дигар сохторҳои дахлдори ин кишвар фаъолияти густардаеро ба роҳ мондаем», – афзуд намояндаи расмии сафорат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.