Дар шаҳри Хуҷанд як наврас ду нафар ҳамсолонашро бо корд захмӣ кард.
Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки се нафар ноболиғони синнусоли аз 15 то 17-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд дар микроайони 8-ум бо ҳамдигар ба муноқиша медароянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми занозанӣ яке аз ноблиғон ду нафар ҳамсолашро бо корд захмӣ карда, онҳо бо ҷароҳати вазнин ба бемористон мунтақил шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



