Раҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба баргузор намудани санҷиши хизматӣ ва ошкор намудани шахсони дастдошта дар қазияи ногувори гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар фурудгоҳ супориш дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, роҳбари хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ аллакай ба санҷиш шурӯъ намудааст.
«Ҳозир тамоми сабтҳои видеоӣ аз назар гузаронида мешаванд Пас аз ошкор сохтани шахсони дар ин амал дастдошта маълумоти иловагӣ пешкаш хоҳад шуд», – гуфт Шодиев.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи ҳунарии «Барака»-и Латвия ба хотири ёдбуди овозхон Наргис Бандишоева дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ якчанд консерт баргузор намуд. Дар саҳифаи фейсбукии худ роҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон изҳор кардааст, ки
то замони тарки ин кишвар
, сафар олиҷаноб буд.



