Э.Раҳмон мардуми Покистонро бо ҷашни миллӣ табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карда мешавад, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карда мешавад, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.

«Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо таъкид ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Покистони дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон иброз намоям», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки президенти амалкунандаи Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ то 9-уми сентябри соли равон дар ин мансаб ифои вазифа хоҳад кард. Дар маъракаи интихоботи президенти Покистон, ки 31-уми июл баргузор шуд,

Мамнун Ҳусейн

пирӯз шуда, рӯзи 9-уми сентябр, замони ба итмом расидани ваколатҳои президенти амалкунанда, савганд ёд хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.