Таъминот бо об дар пойтахт муваққатан маҳдуд мешавад

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр мерасонад, ки бинобар боришоти бошиддат дар доманакӯҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби аз дарёи Варзоб тариқи канали дереватсионӣ ба Ҳавзи танзими шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе» воридшаванда аз соати 24:00-и 12-уми августи соли 2013 якбора тағйир ёфта, тирагии об […]

ASIA-Plus


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳр мерасонад, ки бинобар боришоти бошиддат дар доманакӯҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби аз дарёи Варзоб тариқи канали дереватсионӣ ба Ҳавзи танзими шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе» воридшаванда аз соати 24:00-и 12-уми августи соли 2013 якбора тағйир ёфта, тирагии об аз 526 мг/л то ба 3780 мг/л ва шаффофият ба сифр баробар гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ба хотири ба системаи таъминоти оби нӯшокии шаҳрӣ ворид нагардидани оби нӯшокии тирагияш баланд, ҳаҷми оби интиқолшаванда аз истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба истеъмолкунандагон шуруъ аз нимаи дуюми 13 августи соли 2013 муваққатан 50%-70% кам карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин тадбир баҳри ҳифзи саломатии сокинон чораи муваққатӣ буда, бо кам гардидани боришот  фаъолияти истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.

«Барои хизматрасонии маҳаллаҳои фишори обашон паст гардида  аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр зери масъулияти раисони ноҳияҳо интиқоли об тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда мешавад», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандон имкон доранд ба Ситоди шаҳрӣ, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» шабонарӯзӣ фаъолият менамояд тариқи телефони 227-86-29 муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.