Духтари ба таҷовуз ба номусаш айбдоркардаро З.Саидов нашинохт

Дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохтааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дидани духтар Саидов дарҳол гуфтааст, ки ӯро намешиносад ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ ягон муносибате надоштааст. «Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро […]

ASIA-Plus


Дар

маросими рӯбарӯкуниии

рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохтааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дидани духтар Саидов дарҳол гуфтааст, ки ӯро намешиносад ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ ягон муносибате надоштааст.

«Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод. Албатта, кӣ Зайдро намешиносад. Имрӯз ӯро ҳама мешиносанд», – гуфт Табаров.

Ба қавли адвокат, ба ҷуз айбдоршаванда, адвокат, «ҷабрида» ва намояндаи расмии ӯ, муфаттиш низ дар вохӯрӣ ҳузур доштааст.

«Чизе набошад, мо аз ин вохӯрӣ қаноатмандем. Муфассал сабабашро гуфта наметавонам, вале дар вохӯрӣ мо тамоми чизҳои зарурӣ барои худро шунидем», – иброз дошт адвокат.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки зерҳимояи ӯ то ҳанӯз аз дарди меъда азият кашида, ба ӯ кӯмаки тиббии тахассусӣ расонида нашудааст.

Ба савол дар бораи расидани посух аз Омбудсмен Зариф Ализода ба номаи Зайд Саидов, адвокат изҳор кард, ки зерҳимояаш аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон то ҳол посух нагирифтааст.

«Шояд то ҳанӯз номаи Саидов оид ба дархости вохӯрӣ ба ӯ нарасидааст. Аммо ман худ намефаҳмам, ки ин кор чӣ гуна имконпазир аст. Яқинан Омбудсмен васоити ахбори умумро мутолиа мекунад ва хабардор аст, ки Саидов ба ӯ нома фирситодааст, вале ба ҳар ҳол то ҳанӯз ӯ ба зерҳимояи ман посух надодааст», – зикр кард Табаров.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ

парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Табаров ҳамчунин изҳор кард, ки то имрӯз адвокатҳо ба дастрасии озод ба зерҳимояашон имкон надоранд, ҳарчанд зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл Омбудсмен таъкид дошта буд, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. То имрӯз низ адвокатҳо бо Саидов танҳо дар ҳузури муфаттиш дидору суҳбат карда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.