Дар лагери муваққатии Маскав дигар муҳоҷирони тоҷик боқӣ намонданд

Шаҳрвандони тоҷик, ки чанде қабл аз шаҳраки махсуси хаймавӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси Маскав интиқол шуда буданд, дар фурсати наздиктарин ба ватан фиристода мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, 13-уми август сардори Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри […]

ASIA-Plus


Шаҳрвандони тоҷик, ки чанде қабл аз шаҳраки махсуси хаймавӣ ба қабулгоҳи махсуси пулиси Маскав интиқол шуда буданд, дар фурсати наздиктарин ба ватан фиристода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, 13-уми август сардори Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав боздид намуда, бо сардори марказ Дмитрий Сухов мулоқот ва масоили марбут ба вазъи нигаҳдории муҳоҷирони тоҷик ва тартиботи ба ватан фиристодани онҳоро баррасӣ кардааст.

«Д.Сухов изҳор кард, ки шумори шаҳрвандони тоҷик дар марказ ба таври назаррас коҳиш ёфта, аз 7 то 13-уми август 35 нафар ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Чанде қабл шомгоҳон боз 16 нафар «сокинон»-и марказ аз фурудгоҳ ба ватан раҳсипор шуданд. Ӯ ба сафорат барои ҳамкории мунтазам дар омодасозии ҳуҷчатҳо, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони кишвари худ изҳори миннатдорӣ намуд», – гуфт Эгамзод.

Ба қавли ӯ, бо дархости дипломатҳои тоҷик ҳамчунин бо 10 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки чанд рӯз қабл ба ин марказ фиристода шуда буданд, вохӯрӣ доир гардида, чун хоҳиши ягонаи онҳо ҳарчи зудтар ба ватан баргаштан буд, консул аз раҳбарияти марказ хоҳиш намудааст, ки мувофиқи имкон ба зудтар баргаштани онҳо ба ватан мусоидат карда шавад ва мувофиқа ҳосил шудааст, ки ояндаи наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

«Субҳи имрӯз як корманди сафорат ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав сафарбар шуд, то ки дар ҳамон ҷо баҳри ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандонамон мусоидат намояд. Барои муҳоҷирони тоҷик ӯ бо худ воситаҳои гигенаи шахсӣ ва маҳсулоти ғизойӣ бурд», – гуфт намояндаи сафорат.

Эгамзод таъкид намуд, ки дар лагери муваққатии Маскав барои муҳоҷирон дигар шаҳрвандони тоҷик боқӣ намондаанд. «Ҳамаи онҳоро мо ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гузаронидем ва пас аз омодасозии ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби буҷети федералии Русия онҳо ба ватан фиристода мешаванд», – иброз дошт вай.

Намояндаи расмии сафорат ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.