Дар Тоҷикистон 60%-и нерӯгоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд

Дар мавсими тобистон аз 305 нерӯгоҳи хурди обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 175-тоаш фаъолият мекунанд, ки 15 ададаш дар тавозуни ширкати «Барқи тоҷик» мебошад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, 40%-и нерӯгоҳҳои хурди барқии аз фаъолият бозмонда бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон, ҳангоми камбуди барқ дар кишвар ва коҳиши истеҳсоли […]

Заррина Эргашева


Дар мавсими тобистон аз 305 нерӯгоҳи хурди обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 175-тоаш фаъолият мекунанд, ки 15 ададаш дар тавозуни ширкати «Барқи тоҷик» мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, 40%-и нерӯгоҳҳои хурди барқии аз фаъолият бозмонда бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон, ҳангоми камбуди барқ дар кишвар ва коҳиши истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои асосӣ ба кор дароварда мешаванд.

«Дар мавсими тобистон нерӯгоҳҳои хурди барқӣ танҳо дар ҷойҳое фаъолият мекунанд, ки дар он ҷо хати интиқоли барқ аз нерӯгоҳҳои бузург вуҷуд надорад ва онҳо ҳамагӣ 60% аз шумори умумии нерӯгоҳҳои хурдро ташкил медиҳанд. Дар нерӯгоҳҳои хурди боқимонда дар ин давра корҳои таъмиру омодагӣ гузаронида мешаванд, зеро дар ин мавсим дар Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ истеҳсол шуда, ин минтақаҳо аз нерӯгоҳҳои бузург бо барқ таъмин мегарданд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, феълан дар 14 иншооти нерӯгоҳои хурди барқӣ корҳои лоиҳакашиву сохтмон ҷараён доранд ва шояд то ахири сол аз 5 то 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Ба иттилои манбаъ, аз 305 нерӯгоҳи хурди барқии мавҷуда дар кишвар 94-тоаш аз ҳисоби воситаҳои бурсӣ ва боқимонда аз ҳисоби сармоягузориҳои маҳаллӣ бунёд шуда, иқтидори умумии тамоми нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқӣ 26,4 мегаваттро ташкил медиҳад.

«Бо назардошти талабот, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳҳо хеле ночиз аст. Соли 2012 дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ 44 млн. 986 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар як сол беш аз 14 млрд. кВт/соат аст», – шарҳ доданд дар Вазорати энергетика.

Дар Вазорати мазкур чунин изҳори андеша карданд, ки нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои хурд истеҳсолшуда базӯр барои равшании бино ва ба кор даровардани як дастгоҳи барқӣ кифоя мекунад ва аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурд кишварро аз буҳрони энергетикӣ раҳо карда метавонанд. Мутаносибан сохтмони нерӯгоҳҳои барқи барои Тоҷикистон ҳамеша рӯзмарра боқӣ мемонад.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши истифодаи барқ дар нерӯгоҳҳои хурд низ чун дар саросари кишвар 11 дирамро ташкил медиҳад ва маблағи аз ин ҳисоб ҷамъоваришуда ба таъмир, пардохти музди меҳнати коргарон ва дигар корҳои зарурӣ масраф мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.