Комбинати гӯшти Брянск шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад

ҶДММ «Комбинати гӯшти Комаричи» ноҳияи Комаричи вилояти Брянск ба қабули беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ба сифати коргарони коргоҳи молкушӣ, устои барқ ва дигар коргарони қаторӣ омода аст. Тавре сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, пас аз имзои қарордод дар бораи ҳамкорӣ ва бо кор […]

Аваз Юлдошев


ҶДММ «Комбинати гӯшти Комаричи» ноҳияи Комаричи вилояти Брянск ба қабули беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ба сифати коргарони коргоҳи молкушӣ, устои барқ ва дигар коргарони қаторӣ омода аст.

Тавре сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, пас аз имзои қарордод дар бораи ҳамкорӣ ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мудири кулли корхона Михаил Кушнаренко дар бораи қабули коргарон аз Тоҷикистон омодагӣ изҳор намудааст.

Қарордод дар бораи ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Комбинати гӯшти Комаричи» санаи 12-уми август дар дафтари кории намояндагӣ дар Маскав ба имзо расид.

«Тибқи қарордод Хадамоти муҳоҷират аз Тоҷикистон мутахассисони заруриро интихоб намуда, муҳоҷирони кории тоҷик бо тамоми асноди зарурӣ таъмин ва муносибатҳои корӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Русия ба роҳ монда хоҳанд шуд», – таъкид дошт Аҳмадов. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.