Омодагирии ФБД ба пазиройии меҳмонони конфронси байнулмилалӣ

Бобати қабули меҳмонони Конфронси байналхалқӣ вобаста ба масоили об, ки рӯзҳои 21-22 августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) омодагиҳо идома доранд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, толорҳои қабул ва гусел, роҳравҳо, майдонҳои назди фурудгоҳ ба тартиби махсус гулкорӣ шуда, техника ва таҷҳизоти зарурӣ […]

ASIA-Plus


Бобати қабули меҳмонони Конфронси байналхалқӣ вобаста ба масоили об, ки рӯзҳои 21-22 августи соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) омодагиҳо идома доранд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, толорҳои қабул ва гусел, роҳравҳо, майдонҳои назди фурудгоҳ ба тартиби махсус гулкорӣ шуда, техника ва таҷҳизоти зарурӣ барои қабули ҳавопаймоҳо аз назорати иловагии техникӣ мегузаранд.

«Дар ҷаласаи кории чанде қабл доиргардида реҷаи қабули ҳавопаймоҳои меҳмонон ва масоили қабул ва гусели иштирокдорони конфронс мавриди сӯҳбат қарор гирифта, ба сардорони хадамот ва шӯъбаҳо, шахсони мутасаддӣ бобати омодагии пурра дастур дода шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Шодиев, тайи ҳафтаи баргузории конфронс дар фурудгоҳ аз ҳисоби роҳбарони хадамот ва шӯъбаҳо навбатдорӣ ташкил карда шуда, аз ҳоло адади ҳавопаймоҳои меомада ва тавақуфгоҳҳо барои ҳавопаймоҳои меҳмонон муқаррар гардид. «Тавре масъулин иброз доштанд, дар қабул ва гусели меҳмонон ва ҳавопаймоҳо мушкили фаннӣ вуҷуд надорад», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе аз иштироки беш аз ҳазор нафар аз 100 кишвари узви СММ интизорӣ меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.