Шиносоии сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи таҷрибавию механикии Норак

Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Норак президенти Тҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи таҷрибавию механикии Норак аз наздик ошно гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхонаи тамоман аз фаъолият бозмонда соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, умри дубора пайдо намуд. Аз соли 2006 ба ин сӯй дар ин корхона […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Норак президенти Тҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи таҷрибавию механикии Норак аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхонаи тамоман аз фаъолият бозмонда соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, умри дубора пайдо намуд. Аз соли 2006 ба ин сӯй дар ин корхона вобаста ба ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва талаби фармоишгарон аз 80 то 150 нафар машғули кор мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо 115 нафар коргарону мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар коргоҳҳои гуногуни ин корхона ҳоло 25 намуд масолеҳи сохтмонии аз метал ва сим омодашаванда, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мегардад.

«Роҳбарияти корхона мутахассисони қаблии ин корхонаро сарфи назар аз синну соли нафақавиашон бо маоши калон ба кор ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ мутахассисони хуби ҷавонро омода карда, кори рақобатпазири муассисаро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа корхона қарзҳои пешинаро пурра пардохт намуда, аз нав фоидаовар шуд. Аз ҳисоби даромади корхона ҳоло дастгоҳҳои технологияи навтарин ворид шуда, коргоҳҳои нави истеҳсолӣ омода мегарданд», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуот.

Як дастгоҳи муосири оҳанбурӣ, ки бо нерӯи барқ кор мекунад, бо камтарин масраф метавонад оҳани ғафсиаш то 10 см роҳат буридан гирад ва аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла бо ороиши зебо омода намояд. Коргоҳи нави истеҳсоли электрод, коргоҳи тавлиди гази оксиген ва гази азот бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ харидорони бешумор доранд.

Дар коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз сим ва тунукаи оҳанин фаъолияти ибратбахшу фоидаовар ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии тунукагӣ, ки асосан борои пӯшондани бому болопӯшҳои биною иншооти гуногун истифода мешавад, аз ҷумла, ба истилоҳ, металочерепитса дар ин корхона бо сифати баланду эътимодбахш истеҳсол мегардад.

Яке аз корҳои ибратбахши дар ин корхона роҳандозишуда ҷамоварии скутерҳои барқӣ аст, ки бе сарфи сӯзишворӣ бо нерӯи барқи аккамулятор ҳаракат мекунад. Суръати аз ҳама зиёди ин скутерҳо 60км/соат буда, бо як қуввагирии акамулятор то 60 км мегардад. Аккамуятори он мисли телефонҳои ҳамроҳ дар шароити одии хонагӣ аз хатҳои барқ қувва мегирад. Нархаш ҳам ҳамагӣ аз 3 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ аст, ки барои аксари табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дастрас аст.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Норак бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд. Сарвари давлат ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.