Санҷиши хизматии қазияи ногувори гурӯҳи латвиягии «Барака» дар ФБД

Раҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба баргузор намудани санҷиши хизматӣ ва ошкор намудани шахсони дастдошта дар қазияи ногувори гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар фурудгоҳ супориш дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, роҳбари хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ аллакай ба санҷиш шурӯъ намудааст. «Ҳозир тамоми сабтҳои видеоӣ аз назар гузаронида […]

Меҳрангез Турсунзода


Раҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба баргузор намудани санҷиши хизматӣ ва ошкор намудани шахсони дастдошта дар қазияи ногувори гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар фурудгоҳ супориш дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, роҳбари хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ аллакай ба санҷиш шурӯъ намудааст.

«Ҳозир тамоми сабтҳои видеоӣ аз назар гузаронида мешаванд Пас аз ошкор сохтани шахсони дар ин амал дастдошта маълумоти иловагӣ пешкаш хоҳад шуд», – гуфт Шодиев.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи ҳунарии «Барака»-и Латвия ба хотири ёдбуди овозхон Наргис Бандишоева дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ якчанд консерт баргузор намуд. Дар саҳифаи фейсбукии худ роҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон изҳор кардааст, ки

то замони тарки ин кишвар

, сафар олиҷаноб буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.