Коршинос: Амнияти энергетикии «Талко» дар ангишти коксшаванда аст


Директори Пажуҳишгоҳи металлургияи КВД «Талко» профессор Ҳайдар Сафиев бар ин назар аст, ки ҳалли бештар мусоиди масъалаи таъмини амнияти энергетикии истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон бунёди корхонаи кӯҳкорӣ-кимиёвии ғанисозӣ ва коркарди ангишти коксшаванда мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз боигариҳои асосии зеризаминии Тоҷикистон конҳои аз нигоҳи сифат нодир ва аз ҷиҳати миқёс бузурги ангишт мебошанд ва ин ҷо кони ангишти коксшавандаи Фон-Яғноб ва кони антраситҳои Назар-Айлоқ қобили таъкид аст.

«Бо назардошти мунтазам болоравии нархи сӯзишвории моеъ ва газшакл ва ҳамчунин мушкилоти таъминоти онҳо, дар Ширкати алюминии тоҷик барои таъмини амнияти энергетикӣ истеҳсоли гази синтези аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад аз Чин дастгоҳҳои тавлиди гази синтезӣ аз ангиштсанг харидорӣ ва насб шуданд», – иброз дошт Сафиев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Профессор мутмаин аст, ки бунёди корхонаи кӯҳкорӣ-кимиёвии ғанисозӣ ва коркарди ангишти коксшаванда дар заминаи кони «Фон-Яғноб» имкон медиҳад, ки аз 1 млн. тонна ангишт беш аз 0,5 млн. тонна кокси металлургӣ, 300 млн. метри мукааб гази коксӣ ва 30 ҳазор тонна дигар маводи кимиёвии пуразиш истеҳсол гардад.

Ёдрас мекунем, ки баъди аз аввали сол қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, талаботи худро ба сӯзишворӣ «Талко» аз ҳисоби генераторҳои газӣ оид ба тавлиди газ аз ангишти маҳаллӣ рӯйпӯш мекунад.

Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, 70%-и даромади асъории ҷумҳурӣ маъмулан аз ҳисоби он таъмин карда мешавад, аммо ахиран бинобар сабаби камбуди сӯзишворӣ корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро тадриҷан коҳиш медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта истеҳсоли алюминий дар ин корхона ба андозаи 2% коҳиш ёфт. Нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта бошад, тайи 6 моҳи соли равон нишондиҳандаи коҳиш аллакай ба 19% расид.

spot_imgspot_img

Популярное