Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов имрӯз сафири Шоҳигарии Таиланд дар Тоҷикистон (муқими ш. Остона) ҷаноби Чан Ҷулламонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Таиланд табодули афкор намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин мавзуъҳои сафари расмии қарибулвуқӯи сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра 19-20-уми августи соли 2013 ба Душанбе ва иштироки ҳайъати таиландӣ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об (20-21 августи соли 2013)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.



