Иштироки 7 муовини Дабири кулли СММ дар Конфронси Душанбе


То имрӯз наздики 70 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид иштироки ҳайатҳояшон дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-21-уми август доир мегардад, тасдиқ намуданд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳайатҳои кишварҳо нахуствазирон, вазирон ва дигар шахсони расмии воломақом ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, аз низоми СММ иштироки 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил хоҳад дод.

Дар маросими ифтитоҳи кори конфронс президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное