Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон ба Тоҷикистон 34 ҳазор автомобил ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 ба ҳашт ҳазор ё ба 31% бештар аст.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағ аз воридоти автомобилҳо 136 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 32 миллион доллар бештар аст.
Дар Хадамот иттилоъ надоданд, ки аз ин теъдод чӣ қадар автомобилҳо соли бароришашон аз панҷ сол зиёд нест.
«Тибқи омор, тағйироте, ки аввали соли ҷорӣ ба тартиби воридоти воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон дохил карда шуд, ба вуруди воситаҳои нақлиётӣ ҳеҷ таъсир нарасонид, баръакс тамоюли устувори афзоиши воридоти мошинҳо мушоҳида мешавад»,-зикр кардан дар ин ниҳод.
Тартиби воридоти автомобилҳо дар Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми феврали соли 2013 тағйир ёфт. Тибқи тартибу низоми қаблие, ки аз соли 2008 амал мекард, автомобилҳои нав аз рӯйи тартиби имтиёзнок ворид мешуданд, ки тибқи он пардохти гумрукӣ аз ҳаҷми муҳаррики автомобил вобаста буд. Ин буд, ки пардохти боҷи гумрукӣ барои автомобилҳои нав арзонтар меафтод, лекин аз ин тартиб ба таври хусусӣ фақат маротибае дар як сол истифода мешуд.
Аммо вақте маълум гашт, ки бо тартиби мазкур воридсозии автомобилҳои гаронарзиш бо шиносномаҳои шаҳрвандоне шурӯъ шуд, ки дар амал соҳибони ин мошинҳо набуданд, тартиби имтиёзнок бекор карда шуд.
Аз ин ба баъд кулли воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон тибқи низоми умумӣ ворид мегарданд. Аснои пардохти боҷи гумрукии автомобил мебояд 18% андоз аз арзиши иловашуда, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози актсизиро пардохт кард. Агар муҳлати барориши мошин аз панҷ сол зиёд бошад, он гаҳ арзиши боҷи гумрукӣ ба 7% баробар мешавад.
Тибқи омори гумрукӣ, ҳаққи автомобилҳои воридшавнада аз тариқи низоми имтиёзнок дар қиёс бо автомобилҳое, ки аз тариқи низоми умумӣ ворид шудаанд, чандон зиёд набудааст: соли 2008 94,1 ҳазор автомобил ворид карда шудааст. Аз онҳо 14,5 хазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 79,6 ҳазораш аз тариқи низоми умумӣ ворид гардидаанд.
Соли 2009 воридот 38 ҳазору 100 автомобилро ташкил дода, аз онҳо 3,4 ҳазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 34,7 ҳазорат аз рӯйи тартиби умумӣ ворид шудаанд.
Соли 2010 воридоти умумии воситаҳои нақлиёт 34,2 ҳазорро ташкил додааст. Аз онҳо 1 ҳазору 853-тояш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 32,4 ҳазор бо низоми умумӣ ворид гардидаанд.
Соли 2011 воридоти воситаҳои нақлиёт 39 ҳазору 69 мошинро ташкил дод, ки аз онҳо 3,9 ҳазораш бо низоми имтиёзнок ва 35,7 ҳазораш бо низоми умумӣ ворид шуданд.
Соли 2012 воридот 51 ҳазору 80 автомобилро ташкил дода, аз онҳо 5,5 ҳазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 45 ҳазору 75 автомобил бо низоми умумӣ ворид гаштаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши миёнаи автомобилҳои аз тариқи низоми умумӣ воридшуда, то 3 ҳазор доллар ва арзиши миёнаи автомобилҳое, ки аз тариқи низоми имтиёзнок ворид гаштаанд, 13 ҳазору 500 долларо ташкил додаанд.



