Аз оғози сол як қатор корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ 13 корхона, аз ҷумла, 2 корхонаи хурди сементбарорӣ, 5- то хиштбарорӣ, 5-то қуму шағал ва якто оҳак мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст, ки 244 нафар дар онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то ахири соли равон сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 23 корхонаи хурду миёнаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар назар аст.
«Айни замон сохтмони боз панҷ корхона дар ин бахш идома дорад, ки дар онҳо барои беш аз 1 ҳазор нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад», – хабар медиҳад вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақша охири моҳи август корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент»-и ноҳияи Ёвон бо таъсиси 1000 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз менамояд, ки иқтидори солонаи он 1,0 миллион тонна сементро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар саросари мамлакат айни замон беш аз 200 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон фаъолият мекунанд.



