Хурӯҷи вабо ба бастани қисмате аз марзи Афғонистон боис гардид

Бинобар сабаби хурӯҷи бемории вабо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз 19-уми август Тоҷикистон посгоҳҳои назорати равуо дар самти Бадахшонро баст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, бо тавсияи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз ин тадбир кор гирифта шудааст. «Се гузаргоҳи воқеъ дар ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ва […]

Аваз Юлдошев


Бинобар сабаби хурӯҷи бемории вабо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз 19-уми август Тоҷикистон посгоҳҳои назорати равуо дар самти Бадахшонро баст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, бо тавсияи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз ин тадбир кор гирифта шудааст.

«Се гузаргоҳи воқеъ дар ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ва Хоруғи марзи Тоҷикистон ба муҳлати номуайян баста шуданд», – зикр кард Раҳматуллоев.

Бино ба маълумоти расонаҳои хзабарӣ бо такя ба ҳукуматдорони афғон, дар вилояти Бадахшони минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ҳудуди 1,5 ҳазор нафар ба бемории вабо мубтало гардидаанд. Ба бемористони маркази маъмурии вилоят – шаҳри Файзобод дар ҳолати вазнин 36 нафар гирифторони ин беморӣ оварда шудаанд, ки миёни онҳо як духтари 18-сола фавтидааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳи табибон ба минтақаҳои хурӯҷи беморӣ сафарбар шуда, сокинон бо дорувории тиббии зарурӣ таъмин карда мешаванд. Барои пешгирии ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба ин беморӣ, ҳукуматдорони вилоят қарор кардаанд, ки оби нӯшокиро аз дигар минтақаҳо оранд.

Бино ба маълумоти Агентии байнулмилалии рушди ИМА,  ҳамагӣ 12%-и сокинони деҳоти Афғонистон ба оби тозаву хушсифати нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Муҳлати миёнаи дарозии умр дар Афғонистон нисбат ба дигар кишварҳо хеле кӯтоҳ буда, 50 солро ташкил медиҳад. Як сабаби ин рушди хеле заъифи низоми тандурустӣ дар ин кишвари ҳамсоя аст.

Коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт иттилоъ медиҳанд, ки ҳарчанд вабо бемории хеле хатарноки марговар бошад ҳам, ҳангоми муолиҷаи зуд ва дуруст метавон аз он шифо ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.