Боздошти муллои табиб дар Душанбе барои тамаъҷӯӣ

Дар шабакаҳои телевизионӣ давлатӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта навори видеоие пахш гардид, ки тавассути камераи пинҳонии кормандони ВКД наворбардорӣ шуда, дар он далелҳои тамаъҷӯии шаҳвонии табиби мардумӣ (мулло) ба мизоҷон (занон)-и худ сабт шудаанд. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ки муаллифи ин гузориши телевизионӣ низ ҳаст, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар […]

Аваз Юлдошев


Дар шабакаҳои телевизионӣ давлатӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта навори видеоие пахш гардид, ки тавассути камераи пинҳонии кормандони ВКД наворбардорӣ шуда, дар он далелҳои тамаъҷӯии шаҳвонии табиби мардумӣ (мулло) ба мизоҷон (занон)-и худ сабт шудаанд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ки муаллифи ин гузориши телевизионӣ низ ҳаст, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар навор ба хубӣ возеҳ аст, ки сокини 47-солаи маҳаллаи Лучоби пойтахт Асадулло Иброҳимов чун табиби мардумӣ «фаъолият дошта», ба мизоҷзанони худ дастдарозӣ мекунад.

«Ин муллои табиб ба занон ваъда медодааст, ки тавассути дуову ибодат онҳоро аз бемориҳои гуногун шифо мебахшад ва ҳамзамон ба дастдарозӣ ба онҳо оғоз мекардааст», – гуфт Асадуллоев.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин муллои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.