Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Таиланд дар Душанбе

Дар доираи сафари расмии нахуствазири Таиланд Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардид. Дар баргузории чорабинии мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷинвест» саҳм гирифтанд. Дар кори ҳамоиш 35 нафар соҳибкорони Таиланд ва 55 соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд, ки бахшҳои гуногуни иқтисод, аз […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари расмии нахуствазири Таиланд Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷинвест» саҳм гирифтанд.

Дар кори ҳамоиш 35 нафар соҳибкорони Таиланд ва 55 соҳибкорони тоҷик ширкат варзиданд, ки бахшҳои гуногуни иқтисод, аз қабили энергетикаву саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва бахши бонкиро намояндагӣ карданд. Ҳамчунин намояндагону вазорату идораҳои дахлдор низ ҳузур доштанд.

Зимни ҷаласаи ҳамоиш атрофи масоили гуногуни иқтисодӣ табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати омӯзиши масъалаи сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар қисмати дуюми ҳамоиш миёни ҷонибҳо вохӯриҳои интерактивӣ сурат гирифта, дурнамои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Соҳибкорони тоҷик ба меҳмонон маводи иловагии иттилоотӣ оид ба иқтисод ва муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.