Дар пойгоҳи ҷустуҷӯи Интерпол исми Д.Атовуллоев мавҷуд нест

Дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) исми Додоҷон Атовуллоев дарҷ наёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ изҳор намуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис маҳз бо дархости Интерпол боздошт гардидааст. Ӯро ба ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд. Атовуллоев зикр мекунад, ки дархост ба Интерпол […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи

Интерпол

(Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) исми Додоҷон Атовуллоев дарҷ наёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ изҳор намуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис маҳз бо дархости Интерпол

боздошт гардидааст.

Ӯро ба ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд.

Атовуллоев зикр мекунад, ки дархост ба Интерпол аз ҷониби Тоҷикистон бо рақами 0228 030 20 22 020 volz 030 202 202 25 ирсол шудааст.

«Ба ман иҷозат доданд, ки дар қаҳвахонае биншинам, ғизову қаҳва фармоиш додам», – изҳори андеша мекунад Атовуллоев аз таассуроташ дар фурудгоҳи Тифлис.

Дар ҳамин ҳол, дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол аллакай номи собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ, феълан шаҳрванди ИМА Абдумалик Абдуллоҷонов низ зикр нагардидааст, ки ӯ ҳам қаблан бо дархости Интерпол дар фурудгоҳи шаҳри Киев боздошт гардида буд. Пас аз ду моҳ ӯ аз тавқифгоҳи муваққатӣ озод шуда, ба ИМА баргашт.

Раҳбари ҷунбиши «Ватандор» ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев бо дархости Интерпол  дар фурудгоҳи пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис боздошт шуд.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми июли соли равон Атовуллоев дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага

боздошт шуда буд,

аммо пас аз чанд соат ба ӯ имкон доданд, ки ба Прага баргардад, ки мувақкатан он ҷо иқомат дошт.

Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоеви 56-сола бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва кишварҳои Аврупо зиндагӣ дорад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.