Э.Раҳмон: 58,5 фоизи аҳолии кишвар ба сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об президенти Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод намуд, ки роҳу воситаҳои таҳияи назари глобалӣ оид ба соҳаи об дар давраи пас аз соли 2015 баррасӣ шаванд. Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об президенти Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод намуд, ки роҳу воситаҳои таҳияи назари глобалӣ оид ба соҳаи об дар давраи пас аз соли 2015 баррасӣ шаванд.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ҷузъи мантиқӣ ва зарурии раванди татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола гашта, барои пиёда сохтани онҳо мусоидат қардааст.

«Бинобар ин, бо истифода аз фурсат баррасии имкони эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалиро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об пешниҳод менамоям. Мо чунин мешуморем, ки даҳсолаи нав бояд ба саъю талошҳо дар ҳамаи сатҳҳо такони нав дода, дар давраи баъди соли 2015 ба рушду тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об хизмат намояд.», – гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки гузашта аз ин, бояд ба инобат гирем, ки то соли 2015 Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул карда мешаванд ва изҳори умедворӣ намуд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокдорони конфронси имрӯза пуштибонӣ меёбад.

«Алҳол раванди байниҳукуматӣ оид ба таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки комёбии асосии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (РИО+20) маҳсуб мешавад, идома дорад, – зикр кард президент. – Боиси қаноатмандист, ки дар санади ҷамъбастии РИО+20 нақши калидии захираҳои об дар эҷоди рушди устувор эътироф гардида, масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об дар ҳамоишу нишастҳои гуногун мавриди баррасии фаъолона қарор доранд».

Ба гуфтаи Э.Раҳмон зимни таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устуовр бадар назар доштани унсурҳои мазкур зарур аст:

– таъмини дастрасии комил ба оби безарари ошомиданӣ ва санитария;

– ҷорӣ намудани идораи воҳиду муттаҳидаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;

– баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва истифодаи дуюмбораи он;

– маблағгузории кофӣ ва сармоягузории иншооти хоҷагии об ва инфрасохтор, ироа ва татбиқи технологияҳои навтарин;

– бунёди василаҳои мутақобилан қобили қабул оид ба ҷамъоварӣ ва табодули иттилооту маълумот.

«Умед дорам, ки дар ҷараёни мубоҳисаҳои кунунӣ иштирокдорони конфронс оид ба ин масъала тавсияҳои мушаххасеро пешниҳод хоҳанд кард», – баён дошт президент.

Ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар кори Конфронси мазкур намояндагони 70 кишвари узви СММ ва 20 созмони байнулмилалӣ иштирок доранд. Сохтори СММ-ро 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра намояндагӣ мекунанд.

Дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.