Дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи
Интерпол
(Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) исми Додоҷон Атовуллоев дарҷ наёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ изҳор намуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис маҳз бо дархости Интерпол
боздошт гардидааст.
Ӯро ба ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд.
Атовуллоев зикр мекунад, ки дархост ба Интерпол аз ҷониби Тоҷикистон бо рақами 0228 030 20 22 020 volz 030 202 202 25 ирсол шудааст.
«Ба ман иҷозат доданд, ки дар қаҳвахонае биншинам, ғизову қаҳва фармоиш додам», – изҳори андеша мекунад Атовуллоев аз таассуроташ дар фурудгоҳи Тифлис.
Дар ҳамин ҳол, дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол аллакай номи собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ, феълан шаҳрванди ИМА Абдумалик Абдуллоҷонов низ зикр нагардидааст, ки ӯ ҳам қаблан бо дархости Интерпол дар фурудгоҳи шаҳри Киев боздошт гардида буд. Пас аз ду моҳ ӯ аз тавқифгоҳи муваққатӣ озод шуда, ба ИМА баргашт.
Раҳбари ҷунбиши «Ватандор» ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев бо дархости Интерпол дар фурудгоҳи пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис боздошт шуд.
Ёдрас мекунем, ки 15-уми июли соли равон Атовуллоев дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага
боздошт шуда буд,
аммо пас аз чанд соат ба ӯ имкон доданд, ки ба Прага баргардад, ки мувақкатан он ҷо иқомат дошт.
Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоеви 56-сола бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва кишварҳои Аврупо зиндагӣ дорад.
Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.
Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.



