Муҷозоти кормандони милисаи дар ташкили дидбонгоҳи ғайриқонунӣ дастдошта


Дар натиҷаи санҷиши хизматӣ маълум карда шуд, ки дар таърихи 06-07-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ

дидбонгоҳ

ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд, ки ин амали онҳо боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон гардида буд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ин робита бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов барои дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз меъёр зиёд сафарбар намудани қувваҳои иловагӣ ва безарурият боздошт намудани воситаҳои нақлиёт, ки ба тамбашавии онҳо дар шоҳроҳ оварда расонидааст, ба сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб  полковники милитсия Абдулваҳоб Искандаров танбеҳ эълон карда шуд.

Гуфта мешавад, ба сардори ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб майори милитсия Дилшод Фозилов танбеҳи қатъӣ ва ба кормандони ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб лейтенанти калони милитсия Сайёд Қаюмов, лейтенанти милитсяи Икромҷон камолов ва старшинаи милитсяи Зокир Табаров танбеҳ эълон карда шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное