Муҷозоти кормандони милисаи дар ташкили дидбонгоҳи ғайриқонунӣ дастдошта

Дар натиҷаи санҷиши хизматӣ маълум карда шуд, ки дар таърихи 06-07-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд, ки ин амали онҳо боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон гардида буд. […]

ASIA-Plus


Дар натиҷаи санҷиши хизматӣ маълум карда шуд, ки дар таърихи 06-07-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ

дидбонгоҳ

ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд, ки ин амали онҳо боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон гардида буд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ин робита бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов барои дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз меъёр зиёд сафарбар намудани қувваҳои иловагӣ ва безарурият боздошт намудани воситаҳои нақлиёт, ки ба тамбашавии онҳо дар шоҳроҳ оварда расонидааст, ба сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб  полковники милитсия Абдулваҳоб Искандаров танбеҳ эълон карда шуд.

Гуфта мешавад, ба сардори ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб майори милитсия Дилшод Фозилов танбеҳи қатъӣ ва ба кормандони ШБДА ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб лейтенанти калони милитсия Сайёд Қаюмов, лейтенанти милитсяи Икромҷон камолов ва старшинаи милитсяи Зокир Табаров танбеҳ эълон карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.