Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии ЮНЕСКО

Нимаи дуюми рӯзи 20-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60 – солагии ЮНЕСКО»-ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: “Бо эътирофи […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 20-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60 – солагии ЮНЕСКО»-ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: “Бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг бо камоли мамнуният Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” сарфароз мегардонад”.

Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ин мукофоти боэътиборро боиси шарафмандӣ номида, изҳор дошт, ки онро “пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми мардуми куҳантамаддуни Тоҷикистон дар роҳи эъмору таҳкими пояҳои давлати навин ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ медонам”.

Аз баргузорсозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом”, ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ворид кардани шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи муссавараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Боғи миллии Тоҷикистон-Кӯҳҳои Помир” арзи хушнудӣ карда шуд.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки барномаву ташаббусҳои дигари пешниҳоднамудаи Тоҷикистон низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла ба зарурати таъсиси Бунёди Фонди байналмиллалии ЮНЕСКО оид ба наҷоти пиряхҳо дар Тоҷикистон, ташкил ва гузарондани экспедитсияи 3-юм ба қаторкӯҳҳои Помир ва ворид намудани 3 ҳазор солагии Ҳисор ба Феҳристи ЮНЕСКО дар соли 2015 таъкид гардид.

Сарвари давлат аз имконот ва ҳавасмандии Тоҷикистон ба иштирок дар Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “мо метавонем мавзӯъи обро дар сохтори асосии он босамар ва фаъолтар пешбарӣ намоем”. Дар робита ба ин мавзӯъ пешниҳод гардид, ки бо мусоидати ЮНЕСКО дар назди Академияи Илмҳои Тоҷикистон Кумитаи Миллӣ доир ба масъалаҳои гидрология таъсис дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.