Аслов: Мушкилоти истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ бояд ошкоро баррасӣ шаванд

Тайи солҳои ахир истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо маротиба афзуда, зиёдшавии майдони заминҳои обёришаванда ва афзоиши аҳолии минтақа гувоҳи он аст. Дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки чанд даҳсола пеш шумори аҳолии минтақа 40 млн. […]

ASIA-Plus


Тайи солҳои ахир истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо маротиба афзуда, зиёдшавии майдони заминҳои обёришаванда ва афзоиши аҳолии минтақа гувоҳи он аст.

Дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки чанд даҳсола пеш шумори аҳолии минтақа 40 млн. ва имрӯз 63 млн. нафар ва майдони заминҳои обёришаванда мутаносибан каме бештар аз 2,5 млн. ва имрӯз беш аз 9 млн. гектарро ташкил медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи об даҳҳо маротиба афзудааст.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон касеро гунаҳкор накарда, аз мушкилоти кишварҳои минтақа огоҳ аст ва зикр кард, ки барои дарёфти посух ба масъалаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи об гирди як мизи гуфтушунид ба ҳам омадани намояндагони тамоми кишварҳои минтақа зарур аст.

«Ба ҳама об лозим аст, вале дархости ягонаи мо ин аст, ки оби аз Тоҷикистон маҷрогирифта оқилона истифода гардад. Вақте мо дар ин бора ҳарф мезанем, мо касеро танқид надорем, мо худамонро ҳам дар назар дорем. Ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ оид ба об баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ равона шудааст», – гуфт Аслов.

Ӯ муътақид аст, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба истифодаи захираҳои обӣ иродаи сиёсӣ зоҳир кардан зарур аст.

«Дар низоми обёрӣ мушкилотии зиёде мавҷуд буда, мебояд корҳои барқароркуниро анҷом дод. Чӣ гуна, ки мо мушкилоти кишварҳои поёнобро дарк мекунем, онҳо низ бояд чунин рафтор дошта бошанд. Замоне, ки рӯзҳои сарди зимистон тоҷикистониён аз барқ маҳрум мешаванд, кишварҳои поёноб ин азияту мушкилотро бояд дарк кунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишвар аз имконоти бузурги гидроэнергетикӣ бархӯрдор буда, вале ба ин гуна душвориҳо дучор аст», – таъкид дошт Аслов.

Ӯ зикр кард, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ бояд кори муштараки кишварҳои минтақа бошад ва Тоҷикистон борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъсиси консорсиуми байнулмилалӣ ҷиҳати сохтмони ин гуна иншоот муроҷиат кардааст.

«Мо бояд захираҳои обиамонро эмин нигоҳ дорем, зеро баъди 10 сол шумори аҳолии минтақа то 70 млн. нафар расида, ҳаҷми истифодаи об низ даҳҳо маротиба меафзояд. Вақте мо ҳозир якдигарро нафаҳмида, захираҳои обиамонро эмин нигоҳ намедорем, пас он замон чӣ кор хоҳем кард? Баҳри Арал хушк шуд ва моро Аралҳои дигаре дар минтақа интизор аст. Аз ин ҳамаи коршиносони минтақаи Осиёи Марказӣ огаҳӣ доранд», – иброз дошт ӯ.

Аслов ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон обро аз меъёри ҷудошуда зиёд истифода накарда, имрӯз ҳам ба ин амал даст заданӣ нест ва аз кишварҳои дигар даъват кард, ки ин меъёрҳоро риоя намоянд, зеро ҳамасола дар минтақа 15 километри мукааб об талаф меёбад ва сабаби ин талафотро ёфта, тадбир андешидан зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар Душанбе кори Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷараён дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.