Тоҷикистон ба тасдиқи созишнома бо Русия шурӯъ мекунад

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо супориши ҳукуматҳои кишварҳо ба ин созишнома рӯзи 8-уми феврали соли равон роҳбарони хадамотҳои муҳоҷирати давлатҳо имзо […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо супориши ҳукуматҳои кишварҳо ба ин созишнома рӯзи 8-уми феврали соли равон роҳбарони хадамотҳои муҳоҷирати давлатҳо имзо гузоштанд.

«Дар асоси ин созишнома, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. Айни замон муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медиҳад», – гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарори Шӯрои МНМО ҶТ, ин созишнома нахуст дар кумитаву комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, шояд моҳи октябр тасдиқ карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари моҳи августи соли ҷорӣ ба Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон моҳи октябри ҳамин сол аз ҷониби парлумон ба тасвиб мерасад.

Ба тасдиқи ин созишнома Тоҷикистон шитоб надошт, зеро таваҷҷуҳи Маскавро ба амалисозии ҳарчи зудтари созишномаҳо дар бораи муҳоҷират, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва кӯмак ба таҷдиди артиши Тоҷикистон ҷалб карданӣ буд.

«Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои гуногуни фаъолият», «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» ва «Дар бораи монополияҳои табиӣ» низ баррасӣ шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.