Адвокат: Ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст

Адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook менависад, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст. Бино ба навиштаи Николаев, қарори суд то ҳол дастрас нест ва ин овозаҳоро бародари ӯ – Анвар паҳн мекунад. Николаев менависад, ки бо сабабҳои гуногун дар мурофиаи судӣ дар Дубай ҳузур надоштааст ва […]

ASIA-Plus


Адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook менависад, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст.

Бино ба навиштаи Николаев, қарори суд то ҳол дастрас нест ва ин овозаҳоро бародари ӯ – Анвар паҳн мекунад.

Николаев менависад, ки бо сабабҳои гуногун дар мурофиаи судӣ дар Дубай ҳузур надоштааст ва аз ин рӯ, гумону тахминҳо зиёданд.

«Ман айни замон ба қарор дастрасӣ надорам ва қарори судро бо дархост ба даст намедиҳанд. Адвокатҳои араб низ  оид ба ин қарор маълумот дастрас карда наметавонанд ва чунин ба назар мерасад, ки он муҳри махфӣ гирифтааст», – мегӯяд Николаев.

Ба савол дар бораи чаро аз ҷониби бародари Қувватов тасдиқ шудани аллакай содир гардидани қарор дар бораи истирдоди ӯ, Николаев гуфт: «Ман чунин мешуморам, ки ӯ барқасдона дурӯғ мегӯяд ва мақсадҳои ба чунин амал даст заданашро ба виҷдони ӯ ҳавола мекунам».

Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ,

дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки муҳокимаи парвандаи истирдод, як моҳ пеш рӯзи 22 июл сурат гирифтааст, вале ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аъзои  Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24»

бо пахши як баёния

аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.