Адвокат: Ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст


Адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook менависад, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст.

Бино ба навиштаи Николаев, қарори суд то ҳол дастрас нест ва ин овозаҳоро бародари ӯ – Анвар паҳн мекунад.

Николаев менависад, ки бо сабабҳои гуногун дар мурофиаи судӣ дар Дубай ҳузур надоштааст ва аз ин рӯ, гумону тахминҳо зиёданд.

«Ман айни замон ба қарор дастрасӣ надорам ва қарори судро бо дархост ба даст намедиҳанд. Адвокатҳои араб низ  оид ба ин қарор маълумот дастрас карда наметавонанд ва чунин ба назар мерасад, ки он муҳри махфӣ гирифтааст», – мегӯяд Николаев.

Ба савол дар бораи чаро аз ҷониби бародари Қувватов тасдиқ шудани аллакай содир гардидани қарор дар бораи истирдоди ӯ, Николаев гуфт: «Ман чунин мешуморам, ки ӯ барқасдона дурӯғ мегӯяд ва мақсадҳои ба чунин амал даст заданашро ба виҷдони ӯ ҳавола мекунам».

Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ,

дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки муҳокимаи парвандаи истирдод, як моҳ пеш рӯзи 22 июл сурат гирифтааст, вале ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аъзои  Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24»

бо пахши як баёния

аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад.

spot_imgspot_img

Популярное