Ҳукуматдорони Гурҷистон мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоевро, ки рӯзи 20-уми август дар фурудгоҳи Тифлис боздошт шуда буд, раҳо карданд. Ӯро ба ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд.
Чӣ тавре ки имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» Додоҷон Атовуллоев хабар дод, ӯ аллакай дар Олмон қарор дорад. «Маро соатҳои 5-и вақти Тифлис раҳо карданд, вале дархост намуданд, ки ин маълумотро ифшо насозам», – иброз дошт Атовуллоев.
Ба қавли Атовуллоев, айни замон ӯ дар Олмон ба таҳияи изҳороти навбатӣ ба унвони ҳукуматдорони тоҷик машғул аст.
Ҳанӯз 20-уми август дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» ӯ хабар дода буд, ки то замони ошкор шудани тамоми ҳолатҳо ӯро аз фурудгоҳ рухсатӣ намедиҳанд.
«Ба ман иттилоъ доданд, ки маро бо дархости Интерпол боздошт кардаанд. Гӯё маро ҳукуматдорони тоҷик дар ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам кардаанд. Ман кӣ будани худро ба онҳо фаҳмонидам, чанде аз маводи интишоршудаам дар рӯзномаҳо бо аксамро нишон додам ва ба фикрам онҳоро муътақид сохтам, ки маро ба мақсадҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Вале ба ман гуфтанд, ки масъалаи озодиам бояд дар сатҳи баланд ҳал шавад. Ин ҷо рӯзи корӣ акнун оғоз меёбад ва бар ин назарам, ки ҳамин рӯз ин масъала ҳаллу фасл мегардад. Муносибат нисбати ман хуб аст», – гуфта буд Атовуллоев.
Ба қавли Атовуллоев, ӯ ба Тифлис аз Прага барои анҷом додани як қатор вохӯриҳо омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин вохӯрӣ мебоист ё дар Украина, ё Туркия ва ё Гурҷистон доир мегардид ва дар ниҳояти кор ба Гурҷистон афзалият дода шуд, зеро он барои ӯ «демократитарин» буда, ӯ бовар дорад, ки ҳукуматдорони Гурҷистон мутаносибан қарори демократӣ қабул хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Рӯзноманигорони бидуни марз» (Репортеры без границ) бо пахши як изҳорот дар сомонаи расмиаш аз ҳукуматдорони Гурҷистон даъват ба амал овард, ки Додоҷон Атовуллоев фавран озод карда шавад.
Дар изҳорот зикр гардид, ки Атовуллоев ба ҳеҷ гунае набояд ба ҳукуматдорони Тоҷикистон супурда шавад, зеро Олмон ба ӯ мақоми паноҳанда пешниҳод кардааст ва маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонидани ӯ, нақзи талаботи Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқи гурезагон маҳсуб меёбад.
Дар ҳамин ҳол, дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) исми Додоҷон Атовуллоев
дарҷ наёфтааст
ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ изҳор намуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис маҳз бо дархости Интерпол боздошт гардидааст.



