Аз бордони автомашинаи сокини шаҳри Ваҳдат кормандони милисаи пойтахт ҳудуди 28 кило маводи мухаддири ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар таги купрӯки воқеъ дар кӯчаи Путовскии пойтахт, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 50-51 ХН 02 РТ, ки ба шаҳрванд Пӯлод Солиҳови 29-сола, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, боздошт карда шуд.
«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз бордони он 31 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори «ҳашиш» ба миқдори 27 килою 980 грамм нигоҳ дошта мешуд, дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



