Мусоидати БАТР дар ҷалби сармоягузорӣ ба истифодабарии қаъри замин

Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо иректори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масару Хонма ва Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBDR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ульф Хиндстром вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо иректори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масару Хонма ва Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBDR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ульф Хиндстром вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо рафти ҳамкориҳои байни БАТР ва ҳукумати Тоҷикистон, имкониятҳои вусъат додани онҳо, ҳамкорӣ бо Котиботи Шўрои машваратии назди президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк дар мамлакат маблағгузоришавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Масару Хонма қайд намуд, ки бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз фурсати муносиб истифода намуда, мехост бо дастовардҳои ноилгардидаи Тоҷикистон дар самти ислоҳот вобаста ба дастгирии соҳибкорӣ, беҳбудии фазои сармоягузорӣ ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт, аз наздик шинос шавад.

Масару Хонма дар навбати худ иброз намуд, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи истифодабарии қаъри замин дар давлатҳои Қазоқистон, Кирғизистон, Муғулистон ва ғайра лоиҳаҳо маблағгузорӣ менамояд. Айни замон дар Тоҷикистон дар самти беҳтарсозӣ ва рушди соҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва бо дарназардошти шароитҳои мусоиди фароҳам оварда, ва ҷараёни шаффофи дар ин соҳа таъмин гардида, бонки мазкур метавонад ҷиҳати сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо мусоидат намояд.

Дар натиҷа тарафҳо ҷиҳати ҳамгироии муштарак ҳам дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳам дар соҳаҳои дигари эҳтимолӣ омодагии худро иброз намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.