Суди ноҳияи Вахш ба барасии парвандаи ду истиқоматкунандаи ноҳия, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор дониста мешаванд, зери раисии судя Аҳлиддин Назаров оғоз кард.
Тавре дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, кормандони ШКВД-и ноҳияи Вахш зимни як амалиёт рӯзи 15 апрели соли 2013 дар қаламрави хоҷагии Киров истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия Ишқобилов Абдиро дастгир карданд. Ҳангоми дастгир шудани Ишқобилов дар мошинаи ӯ 41 адад қутии вазелин, ки маводи мухаддири навъи афюн доштааст, ошкор шуд. Нисбати дастгиршуда бо моддаи 200, қисми 3, бандҳои «а,в,г» ва 170 КҶ ҶТ парвандаи ҷинои оғоз шуд. Баъдан дар асоси баёноти Ишқобилов, ки гуфтааст, ки 1 кг маводи мухадири навъи афюнро аз Ҷомаҳмад Ашуров харидори намудааст, Ашуров дастгир гардид. Бар асоси ин баёнот рўзи 16 апрел тахминан соати 20:00 кормандони ШВКД аз назди хонааш дастгир намудаанд. Ва нисбаташ бо модаи 200 қиясми 3 банди «в,г» КҶ ҶТ ооз карда шудааст.
Аммо яке аз судшавандагон Ҷомаҳмад Ашуров дар рафти мурофиаи судӣ гуфт, ки кормандони ШВКД дар ноҳияи Вахш бо истифода аз шиканҷа ин ҷиноятро ба гардани ӯ бор кардаанд.
Бино ба гуфтаи адвокати номбурда Зафар Махмудов, Ашуровро кормандони фаврии ШВКД дар ноҳияи Вахш 14 апрели соли 2013 дастгир намуда, ду шабонарӯз ӯро ғайриқонунӣ боздошта, мавриди лату кӯб қароор доданд.
Кормандони фаврие
, ки боздоштшударо мавриди шиканҷа қарор доданд, Қурбоналӣ Неъмонов ва Далер буданд, ки исми пуррааш барои адвокат маълум нест. Дар парвандаи мазкур Далер ба ҳайси яке аз шахсони холис мегузарад. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи ӯ, вақте ӯро аз назди хонааш дастгир карда, ба ШВКД дар ноҳияи Вахш оварданд, Неъмонов аз кисааш 700 сомониашро (як дусадсомона, се адад сад сомона ва чор адад панҷоҳсона) гирифта, баъдан ӯро мавриди лату кӯб қарор дод.
Аммо корманди калони фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД-и ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Неъмонов ин идаои адвокат ва судшавандаро дар мурофиаи судӣ бепоя номида, изҳор дошт, ки Ашуров 16 апрел боздошт шудааст ва дар нисбати ӯ ягон навъи шиканҷа истифода нагардидааст. «Ӯро дар асоси баёноти судшаванда Ишқобилов дастгир карданд ва зимни пурсиш Ашуров ба гуноҳаш иқрор шуд»,- илова кард Нӯъмонов.
Бино ба гуфти адвокат Зафар Махмудов нишододҳои кормандони фаврӣ, ки дар ин амалиёт иштирок доштаанду ба суд ҳамчун шоҳид даъват шудаанд, бо ҳам аслан мувофиқат намекунад, алахусус аз нуктаи назари рӯзи дақиқи боздошти айбдоршаванда Ашуров.



