Боздошти боз се тоҷик дар Афғонистон ба гумони узвият дар «Ансоруллоҳ»

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон се нафар сокинони ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлонро ба гумони узвият дар гурӯҳи ифротгарои «Ансоруллоҳ» боздошт намудаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ин се нафар муддати се сол дар урдӯгоҳҳои Вазиристони Покистон таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. «Тибқи маълумоти ҳамтоҳои афғон, ному насаби […]

ASIA-Plus


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон се нафар сокинони ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлонро ба гумони узвият дар гурӯҳи ифротгарои «Ансоруллоҳ» боздошт намудаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ин се нафар муддати се сол дар урдӯгоҳҳои Вазиристони Покистон таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд.

«Тибқи маълумоти ҳамтоҳои афғон, ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон ифшо нагардида, онҳо ба содир гардидани амалҳои террористӣ дар вилоятҳои Пактика, Пактиё ва Хуст муттаҳам дониста мешаванд. Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки онҳо миёни тоҷикон оид ба анҷом додани ҷиҳод таблиғот мебурдаанд», – гуфт манбаъ.

Дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабари рӯзи 9-уми август интишоргардида дар бораи боздошти боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон ба иттиҳоми фаъолияти террористиро низ тасдиқ карданд.

«Ӯ 7-уми август боздошт шуда, зодаи Тавилдара аст. Тибқи маълумоти мо, ӯ ҳангоми суиқасд ба ҷони намояндаи мақомоти маҳалли ҳокимияти вилояти Бадахшони Афғонистон дастгир шуда, ҳангоми боздошт дар камари ӯ маводи тарканда баста шуда будааст. Яқинан ӯ террористи маргталаб будааст», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан журналист Хушқадам Усмонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки террористи маргталабро кормандони Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои пулис боздошт намудаанд.

«Маъруф Росих, сухангӯи губернатори вилояти Бадахшони Афғонистон изҳор дошт, ки боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон ва ба узвият дар «Ансоруллоҳ» гумонбар дониста мешавад. Сухангӯй ин шахсро террористи хатарнок номида, гуфтааст, ки ӯ ният дошт, ки ба намояндаи ҳокимияти маҳаллӣ ҳамла кунад. Ному насаби шахси мансабдорро ӯ номбар накард», – иброз дошт журналист.

Ба қавли Усмонӣ, шахси боздошттшуда назди камераҳои телевизионии журналистон изҳор кардааст, ки се сол қабл аз Тоҷикистон ба Эрон рафта, сипас баъди як сол ба Покистон раҳсипор шудааст ва дар Вазиристони Шимолӣ таълимоти ҳарбӣ гирифтааст.

«Ному насаби шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон зикр нагардида, ӯ изҳор мекунад, ки ба Афғонистон бо мақсади ҷиҳод омадааст ва якчанд маротиба дар муқовиматҳои низомӣ алайҳи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ва ҳарбиёни афғон иштирок доштааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ахиран нияти убури марз аз Афғонистони Бадахшон ба қаламрави Тоҷикистонро дошта, ба фаъолият дар ин қаламрав оғоз карданӣ будааст», – иттилоъ дод Усмонӣ.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави кишварро расман мамнӯъ эълон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.