Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон усули чандрасонаиро меомӯзанд

Дар даҳрӯзаи охири моҳи август Маркази фанновариҳои иттилоотию иртиботӣ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” баҳри намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и минтақавӣ мактаби тобистона дар мавзӯи “Фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ” баргузор карданд. Чорабинии мазкур дар осоишгоҳи «Сароб»-и Хоҷа Оби Гарм бо иштироки 15 корманди созмонҳои ҷамъиятӣ ва 4 рӯзноманигори ҷавон аз Суғду […]

Зебоҷон Қурбонова, махсус барои "Азия-Плюс"


Дар даҳрӯзаи охири моҳи август Маркази фанновариҳои иттилоотию иртиботӣ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” баҳри намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и минтақавӣ мактаби тобистона дар мавзӯи “Фанновариҳои иттилоотӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ” баргузор карданд.

Чорабинии мазкур дар осоишгоҳи «Сароб»-и Хоҷа Оби Гарм бо иштироки 15 корманди созмонҳои ҷамъиятӣ ва 4 рӯзноманигори ҷавон аз Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ, ки аз миёни 80 довталаб интихоб гардиданд, ҷараён дорад.

Бино ба гуфтаи Сафо Сафаров, сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», ҳадаф аз баргузории ин мактаби тобистона омӯзонидани истифодаи усули чандрасонаӣ ҳангоми таҳияву нашри мавод, кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои афзоиши шумори корбарони торнамои созмон, инчунин ташаккули маҳорати тренерии иштирокдорон мебошад.

Ширкаткунандаи мактаби тобистона, корманди Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба» Қурбонгул Зубайдова дар мавриди зарурати гузаронидани чунин давраи омӯзишию амалӣ ибрози андеша кард:

– Қаблан дар ташкилоти мо ҳафтае як маротиба дарси мутахассиси барномаи компутарӣ гузаронида мешуд, ки барои омӯзиши назокатҳои истифода аз техникаи мазкур кофӣ набуд. Ман аз рӯзҳои аввали ин давраи омӯзишӣ роҳҳои фарохтари муаррифии ташкилотро тавассути шабакаи Интернет аз худ кардам. Бовар дорам, ки дар навиштани маводи рӯзноманигорӣ низ маҳорат ҳосил мекунам.

Дар муқоиса бо Қурбонгул, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Калиди дониш» Пайрав Саидов пас аз дарси аввал хабар омода кард, аммо мегӯяд, ки чандон бобарор набуд:

– Ман пеш аз ин таҷрибаи иштирок дар семинар оид ба омодасозии маводи тарғиботию пресс-релизро доштам ва гумон мекардам, ки дар таҳияи матолиби журналистӣ низ дучори мушкилие намешавам. Вале хабари ман танҳо ба 5 фоизи меъёрҳои байнулмилалии журналистӣ ҷавобгӯй буд. Ҳоло 8 рӯзи дигар дар пеш аст ва бовар дорам, ки дар ҷодаи омодасозии маводи журналистӣ муваффақ хоҳам шуд.

Созмондиҳандагони ин давраи омӯзишию амалӣ мегӯянд, ки дар марҳилаи баъдии лоиҳа густариши маълумот пиромуни фанновариҳои ҷадид ва журналистикаи чандрасонаӣ дар манотиқи кишвар низ дар назар аст.

«Баъд аз интиҳои мактаби тобистона иштирокчиёнро лозим меояд, ки дониш ва малакаи андӯхтаашонро ба аҳолии минтақаи худ омӯзонанд», – гуфт Талъат Нӯъмонов, роҳбари Маркази фанновариҳои иттилоотию иртиботӣ.

Мактаби тобистона аз 21-ум то 30-юми август дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак доир гардида, аз ҷониби созмони даниягии International Media Support маблағгузорӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа аз соли 2012 амалӣ гардида, дар марҳилаҳои пешинаи он наздик ба 40 нафар намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва журналистони ҷавон омӯзонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.