Форуми I-уми байнулмилалии иқтисодӣ дар Хоруғ


Рӯзҳои 30-31-уми август дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Имконоти сармоягузорӣ ба рушди Помир» Форуми I-уми байнулмилалии иқтисодӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, форум аз ҷониби ин вазорат созмон дода шуда, ба рушди бахши сайёҳӣ ва тиҷорат дар Помир мусоидат мекунад.

«Форум дар шакли интерактивӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба омӯзиши пурраи барномаҳои сармоягузорӣ, дарёфти шарикон барои роҳандозии тиҷорат, ташкили ҳамкориҳо, боздид аз мавзеи сайёҳӣ ва иштирок дар семинару мубоҳисаҳо имкон пайдо мекунанд. Ба иштирокчиён имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, аз ҷумла моҳипарварӣ, коркарди пӯст, шир ва гӯшт, кӯҳнавардӣ, сайёҳӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо пешниҳод хоҳанд шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, як қисмати форум дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим доир хоҳад гардид. Дар фарҷоми форум оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо мерасанд.

Дар кори форум мансабдорони расмии давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои бахши хусусӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва корхонаҳои бузургтарини ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид, то ки стратегия барои рушди пурсамари Помирро баррасӣ намуда, дар минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим шароитҳои мусоид барои роҳандозии тиҷоратро фароҳам оваранд.

Қобили зикр аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 50%-и қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад. Суръати миёнаи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳудуди 7%-ро ташкил медиҳад. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумиаш ба 200 гектар баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное