Масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.
«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошт манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».
Ба гуфтаи сарчашмаи хабар, баррасии парванда бо он сабаб ба муддати зиёд тӯл кашид, ки дар моҳи Рамазон арабҳо воқеан ҳам қариб кор намекунанд ва феълан аз соати 9 то 13 фаъолият менамоянд. «Қувватов дар тавқифгоҳи мувақкатии шаҳри Дубай нигаҳдорӣ мешавад ва умедворем, ки муддати ҳамин ҳафта масъала ҳал хоҳад шуд», – зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов, эҳтимоли зиёде ҷой дорад, ки то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон Қувватов дар Аморати Муттаҳидаи Араб нигоҳ дошта шавад.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев хабар дода, илова намуд, ки ду рӯз қабл бо зерҳимояаш телефонӣ суҳбат доштааст. «Маълумот дар бораи то анҷоми интихобот дар АМА нигоҳ дошта шуданаш ва дар ҳамин ҳол, омодагии ҷониби Тоҷикистон дар ҳама гуна вақт барои фиристодани посбонон барои истирдоди ӯ тасдиқ мешавад. Дар ин қазия нисбат ба ҳуқуқ бештар сиёсат ҷой дорад. Дар бораи ба ӯ пешниҳод шудани паноҳгоҳи сиёсӣ маълумот мавҷуд аст», – гуфт Николаев.
Ба гуфтаи адвокат, то ҳанӯз қарори суд дар бораи баррасии шикояти кассатсионӣ аз болои иҷозат ба истирдоди Қувватов ба ватан, ки 18-уми август баррасӣ шуда буд, пешниҳод нагардидааст. «Дар парванда якчанд ҳуҷчатҳои аҷибе ҷой доранд ва мундариҷаи онҳо гувоҳи он аст, ки Тоҷикистону АМА дидаву дониста ба нақзи ҳуқуқҳои Қувватов роҳ додаанд. Ҷузъиёташро алҳол ифшо карда наметавонам», – афзуд Николаев.
Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.
Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.
Ҳафтаи қабл Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook навишта буд, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов
ҳоло тасдиқ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, нимаи ҳамин моҳ, аъзои Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24»
бо пахши як баёния
аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад.
Ҳамчунин ҷамъе аз фаъолон ба хотири пуштибонӣ аз Умаралӣ Қувватов ба СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар
муроҷиат намуданд.



