Иштироки Ҳизби сотсиалист бо номзади худ дар интихоботи президентӣ


Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равон иштирок мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров хабар дод.

«Дар интихоботи президентӣ мо ҳатман номзади худро пешбарӣ мекунем ва бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нестем», – гуфт ӯ.

Ба қавли А.Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани ҳизб, ки санаи 18-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд. «Имрӯз ҳудуди 19 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аъзои ҲСТ мебошанд», – зикр кард раиси ҳизб.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон соли 1996 таҳти раҳбарии яке аз арбобони маъруфи сиёсиву давлатии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев сабти ном шуд. Соли 1999 ӯ аз ҷониби қотилони номаълум кушта шуд. Соли 2002 Кумитаи иҷроияи марказии ҲСТ Мирҳусейн Нарзиевро раиси ҳизб интихоб намуд.

Як сол қабл аз интихоботи парлумонии соли 2005, замони ба эътилоф ворид шудани ҲСТ (Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби демократ ва ҲНИТ) дар сафҳои ҲСТ мухолифат рӯйи кор омад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавқеи бетарафиро ишғол намуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон яккаву танҳо монд.

Ба андешаи коршиносон, он замон барои ислоҳи вазъи мавҷуда ва тағйири тавозуни нерӯҳои сиёсӣ аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров Ҳизби сотсиалистии сунъӣ таъсис дода шуд. Бо ин амал Ҳизби сотсиалистӣ таҳти раҳбарии М.Нарзиев аз иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2005 барканор карда шуд.

Айни замон ҳарду ҷиноҳи ҲСТ – яке бо роҳбарии А.Ғаффоров, ки расман дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шудааст ва дигаре таҳти сарварии М.Нарзиев вуҷуд доранд, ки аз ҷониби ин ниҳод эътироф намешавад.

spot_imgspot_img

Популярное