Эмомалӣ Раҳмон ба сокини Ёвон автомашина тақдим кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи корхонаи азими семент, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи корхонаи азими семент, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арӯсии 10 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт.

Аз ҷониби Президенти кишвар ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд. Ғайр аз ин, ба номи 10 нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ба ҳар яке 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст.

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии Форам, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт. Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз ду ошёна бо толори бузург иборат буда, дар ошёнаи якумаш ҳавзи шиноварӣ бо дарозию паҳноии 22 ба 10 метр ҷойгир шудааст. Ин маҷмаа бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ошёнаи дуюми бино, ки ҳоло то охир омода нест, толори бузурги фитнес ва ё обутоби бадан ҷойгир шудааст. Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои дигар толору утоқҳои зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюмро гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.