Хадамоти гумрук: Кӯшишҳои қочоқи сӯзишворӣ камтар шуданд

Дар зарфи 7 моҳи соли равон 253 ҳолати қонуншикании маъмурӣ дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра 3 млн. 815,7 ҳазор литр маводи сӯхт, аз ҷумла 2,2 млн. литр сӯзишвории дизелӣ ва 1 млн. 625,4 ҳазор литр бензин […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 7 моҳи соли равон 253 ҳолати қонуншикании маъмурӣ дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра 3 млн. 815,7 ҳазор литр маводи сӯхт, аз ҷумла 2,2 млн. литр сӯзишвории дизелӣ ва 1 млн. 625,4 ҳазор литр бензин мусодира шудааст.

Ҳамин давраи соли гузашта шумори қонуншиканиҳо дар бахши воридоти сӯзишворӣ 211 ададро ташкил дода, ба воридоти 23 млн. 69,6 ҳазор литр сӯзишворӣ, аз ҷумла 2 млн. 72,5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 1 млн. 502,1 ҳазор литр бензин ва 19,2 млн. литр керосин кӯшиш ба харҷ дода шуда буд.

Маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки сарфи назар аз коҳиши қонуншиканиҳо ва ҳаҷми сӯзишворӣ, кӯшишҳои интиқоли ғайриқонунии бензин ба қадри назаррас коҳиш наёфтаанд.

 «Қонушикании маъмурӣ аз ҷониби боррасон риоя нашудани тартиботи ҳамлу нақли бор, ҷой доштани хатогиҳо дар ҳуҷчатҳо ва ғайра буда, қочоқ нест. Масалан, тайи 7 моҳи соли гузашта ҳодисаҳои қочоқ ҷой надоштанд, имсол бошад, 2 ҳодисаи ба ин монанд сабт гардида, 142 ҳазору 136 литр сӯзишворӣ мусодира карда шуд», – шарҳ доданд дар хадамот.

Тӯли моҳҳои январ-июли соли равон қонушиканон дар бахши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 1 млн. 57,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, ҳамчунин дар ҳаҷми 3 млн. 750,9 ҳазор сомонӣ боҷҳои гумрукиро пардохт кардаанд.

Мушкилоти қочоқ ва интиқоли ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд, марз бо Қирғизистон бештар ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи гумрукчиён, ба иллати шаффоф будани марз, эҳтимоли қочоқ меафзояд, вале мақомот дар ин самт муваффақона фаъолият дошта, дар 90%-и ҳолатҳо қонуншиканон ошкор карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.