Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба густариши ҳамкориҳо даъват мекунад

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, раисии қисмати тоҷикистонии Комиссияро Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов ва Раиси ҳайати Арабистони Саудиро Ҷаноби Абдулатиф Аҳмад ал Усмон, […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, раисии қисмати тоҷикистонии Комиссияро Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов ва Раиси ҳайати Арабистони Саудиро Ҷаноби Абдулатиф Аҳмад ал Усмон, Вазир, Раиси Кумитаи давлатии Шоҳигарии Арабистони Сауди ба ўҳда доштанд.

Дар рафти ҷаласаи комиссия вохўрии васеи байни ҳайатҳои ҳукуматии ду кишварро баргузор гардида, зарурияти тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, сайёҳи, энергетика, саноат, барқ ва об, тандурустӣ, фарҳанг ва дин, кишоварзӣ, илм ва технология,сохтмон, варзиш ва ҷавонон, назорати маводи нашъаовар, рушд таъкид карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ суханронӣ намуда иброз намуд, ки ҳарчанд тайи солҳои охир гардиши савдои ду кишвар 2,7 маротиба зиёд гардида бошад, ҳам бо назардошти имконияти мавҷудаи ҳамкории ду кишвар он моро қонеъ гардонида наметавонад. Дар ин замина, моро зарур мебошад, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи кишварҳоямонро дар самтҳои дар боло зикргардида тақвият бахшем.

Ҳамзамон, аз бахши хусусии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои иштирок ва сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Дар охири ҷаласа Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштарки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва ҳамчунин Созишнома “Оид ба маблағгузории лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳои миёна” ба имзо расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.