Сомонаи хизматгузории ҷустуҷӯи авиабилетҳои арзон дар домени TJ

Чанд рӯз қабл ширкати Smart-Soft.TJ дар минтақаи домении TJ сомонаи хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои арзон барои истифода аз ҳавопаймоҳоро боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати Smart-Soft.TJ хабар доданд, хизматгузории нав ба сабуку осон кардани ҷустуҷӯ ва харидории билетҳои арзони ҳавопаймоӣ бидуни аз хона берун рафтан равона гардида, бо суроғаи aviakassa.tj дастрас аст. «Мо бевосита […]

ASIA-Plus


Чанд рӯз қабл ширкати Smart-Soft.TJ дар минтақаи домении TJ сомонаи хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои арзон барои истифода аз ҳавопаймоҳоро боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати Smart-Soft.TJ хабар доданд, хизматгузории нав ба сабуку осон кардани ҷустуҷӯ ва харидории билетҳои арзони ҳавопаймоӣ бидуни аз хона берун рафтан равона гардида, бо суроғаи aviakassa.tj дастрас аст.

«Мо бевосита билет намефурӯшем, вале тавассути сомонаи мо аз 728 ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳон метавон пешниҳодоти ҷолибу қобили қабули худро дарёфт намуд. Ҳеҷ боҷу зиёдшавии нарх вуҷуд надошта, танҳо тарофаҳои камтарин аз агентиҳои боэътимод амал мекунанд ва аз куҷо дастрас кардани билетро худи харидорон интихоб мекунанд», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои арзон барои истифода аз ҳавопаймо дар aviakassa.tj комилан ройгон пешниҳод мегардад.

«Дигар барои ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо рафтану ба агентиҳои зиёде занг задан ва омӯзиши тарофаҳо дар саҳфаҳои шабакаи интернет вақт масраф кардан шарт нест. Аз хизматгузории ҷустуҷӯи билетҳои ҳавопаймоӣ истифода баред ва шоҳид хоҳед буд, ки то чӣ андоза он қулай ва фоидаовар аст. Ҷустуҷӯ муддати дақиқаҳои башумор сурат гирифта, барои дарёфти билети арзон шумо вақти зиёде сарф намекунед. Шумо ба муқоисаи нархҳо, обуна ба огоҳиномаҳо дар бораи нархи билетҳо ба самтҳои интихобшуда имкон доред. Ҷустуҷӯи мустақили билетҳо нисбат ба харидани он тавассути туроператорон ва дигар агентиҳо бештар ба нафъи шумост», – афзуданд дар ширкати мазкур.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.