Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш шуд

Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки дар қазияи марги маҳбус аз ӯ ном бурда мешуд, аз мансаб сабукдӯш ва ба вазифаи сардори муассисаи ислоҳии 3/7, ки дар он собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, таъин карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як […]

ASIA-Plus


Сардори муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Рустам Тоштемиров, ки дар қазияи марги маҳбус аз ӯ ном бурда мешуд, аз мансаб сабукдӯш ва ба вазифаи сардори муассисаи ислоҳии 3/7, ки дар он собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои ҷазо мекунанд, таъин карда шуд.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар дода, вале сабаби ҷойивазкунии ин мансабдорро шарҳ надод.

Дар ҳамин ҳол, дар қабулгоҳи сардори Сарраёсати мазкур шарҳу тавзеҳи ин масъаларо рад намуда, ҳамчунин маълумот дар бораи ба вазифаи дигар гузаштани Тоштемировро низ инкор накарданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Иззатулло Шарифов ба хешовандону наздикони маҳбуси ҳалокшуда Ҳамза Икромзода, ки дар назди бинои Сарраёсат бо талаби тафтиши дақиқи марги ӯ дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 ҷамъ омада буданд, ваъда дод, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, сардори ин муассиса Рустам Тоштемировро аз вазифааш озод хоҳад кард. Ба эътиқоди хешовандону наздикони Икромзода, ӯ бар асари истифодаи шиканҷа ва лату кӯби бераҳмона ба ҳалокат расидааст.

Дар навбати худ, моҳи октябри соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ваъда дод, ки тафтиши сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод.

Дар натиҷа моҳи майи соли ҷорӣ суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум кард.

Маҳмуд Исмоилов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Зикр гардида буд, ки нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, вале то имрӯз аз рӯи ин парванда танҳо Маҳмуд Исмоилов муҷозот шудааст.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода аз натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд набуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.