Ҷавонони Тоҷикистон роҳҳои рушди иқтисодро пешниҳод мекунанд

Дар шаҳри Душанбе мубоҳисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба музокироти парлумонӣ таҳти унвони «Ҷоми 20-солагии ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён дорад, ки имрӯз ба итмом мерасад. Дар чорабинии мазкур дастаҳои марказҳои маъмурии вилоятҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини бузурги кишвар ширкат меварзанд. Чорабинӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ бо мусоидати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе мубоҳисаи сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба музокироти парлумонӣ таҳти унвони «Ҷоми 20-солагии ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён дорад, ки имрӯз ба итмом мерасад.

Дар чорабинии мазкур дастаҳои марказҳои маъмурии вилоятҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини бузурги кишвар ширкат меварзанд.

Чорабинӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ бо мусоидати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон созмон дода шудааст. Корҳои тадорукотии баргузории чорабиниро Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» ба уҳда гирифтаанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муайян кардани андешаи гурӯҳи сершумортарини аҳолии кишвар – ҷавонон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат ва таҷассуми ин андешаҳо дар барномаву лоиҳаҳои минбаъдаи дар кишвар амалишаванда унвон мешавад.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Овозҳои ҷавонон» доир мегардад, ки бояд андешаву афкори ҷавонон дар бораи ояндаи ҷумҳуриро инъикос намояд. Қабл аз мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Кӯлобу Хоруғ ва шаҳраки Ғарм панҷ чорабинии минтақавӣ гузаронида шуда, дар маҷмӯъ дар мусобиқот ва чорабиниҳо дар доираи ин лоиҳа 700 нафар ҷавонон ширкат варзиданд.

Дар доираи лоиҳа ҳамчунин маҷмӯаи андешаву афкори ҷавонон дар робита ба рушди кишвар пешниҳод гардида, он дар шабакаи Интернет дастрас хоҳад буд.

Қисмати асосии чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва мусобиқоти ниҳоӣ бо ҳузури намояндагони созмонҳои мададрасон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» баргузор мешавад.

«Ҷоми 20-солагии ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз ба дастаи ғолиб аз ҷониби директори Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив тақдим хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.