Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи бузурги истеҳсоли семент «Хоаксин Ғаюр семент» доир мегардад; – Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ барои ВАО оид ба мушкилот ва дурнамои медиа-менеҷмент мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 15:00; – Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии […]

ASIA-Plus



Анонс

– Бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи бузурги истеҳсоли семент «Хоаксин Ғаюр семент» доир мегардад;

– Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ барои ВАО оид ба мушкилот ва дурнамои медиа-менеҷмент мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 15:00;

– Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар иҷлосия вакилон қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабулшуда «Дар бораи ихтиёрӣ будан», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи хоҷагии моҳипарварӣ ва ҳифзи он» ва ғайраро баррасӣ мекунанд;

– Дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи милли ҷумҳурӣ таҳти унвони «Қазоқистон дар ҷаҳони муосир» намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба музокироти парлумонии «Ҷоми 20-солагии ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон» дар Душанбе ба итмом мерасад.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7672

сомонӣ;


1

евро

– 6.22


2


9

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1949

– Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиши нахустини аслиҳаи ядроиро доир намуд.


1990

– Шумораи нахустини рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид.


2000

– Ин рӯз оғози рӯзи ҳисоби ҷабридагон аз мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Дар мавзеи Хонободи ноҳияи Исфара 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз таркиши мина осеб диданд.


1932

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нӯъмон Тоштемиров.


1949

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзоалиев.


1956

– Зодрӯзи Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ.


1962

– Мавлуди журналист Муҳаммад Зокир.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.