Оғози мурофиаи судии иштирокчиёни флеш-моб ба хотири дастгирии Зайд Саидов


Дар шаҳри Душанбе мурофиаи судии иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ба хотири дастгирии соҳибкор Зайд Саидов оғоз гардид. Ҳашт нафар аъзои гурӯҳи ташаббускор ва ҳамчунин фарзандони соҳибкор назди суд ҷавоб мегӯянд.

Аъзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав»-ро субҳи имрӯз барои баргузории иқдоми флеш-моб дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маҳкама кашиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви гурӯҳи ташаббускор Маҳмудҷон Қосимов хабар дод, ҳашт нафар аъзои гурӯҳи ташаббускор, аз ҷумла Мавҷуда Соҳибназарова, Маҳмудҷон Қосимов ва ҳамчунин фарзандони соҳибкор ба мурофиа даъват шудаанд. Аксариятро аз ҷойи кор ба мурофиа овардаанд.

Ҳамаи онҳоро ба риоя накардани муқаррароти моддаи 460-и Кодекс дар бораи қонуншиканиҳои маъмурии ҶТ (Майдаавбошӣ) муттаҳам медонанд.

Ба гуфтаи Қосимов, онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятро халадор сохта, таваҷҷуҳи шахсони аз назди онҳо мегузаштаро ба худ ҷалб намудаанд. Иқдоми флеш-моб дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» доир гардида, барои шахсони ғайр аз назар пинҳон буд.

«Дар давоми баргузории аксия ҳудуди 15 нафар журналистон ҳам иштирок доштанд ва фикр мекунам, ки онҳо низ ин иқдомро арзёбӣ карда метавонанд», – гуфт Қосимов.

Дар моддаи 460-и Кодекс дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 нишондиҳандаи ҳисоб ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки

иқдоми флеш-моб

рӯзи 27-уми август дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд.

Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.

spot_imgspot_img

Популярное