Дар ноҳияи Қумсангир ду мактаби нав ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Қумсангир маросими кушодашавии ду мактаби нав баргузор шуд. Биноҳои макотиби мазкур дуошёнагӣ буда, аз ҳафт синфхона бо шумули утоқи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад. Мактаби №24 барои таҳсили 210 толибилм ва мактаби №25 барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои сарвари яке аз макотиби тозабунёд Дилором Тағоева, […]

Манзар Қандов, махсус барои «Азия-Плюс»


Имрӯз дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Қумсангир маросими кушодашавии ду мактаби нав баргузор шуд.

Биноҳои макотиби мазкур дуошёнагӣ буда, аз ҳафт синфхона бо шумули утоқи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад. Мактаби №24 барои таҳсили 210 толибилм ва мактаби №25 барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои сарвари яке аз макотиби тозабунёд Дилором Тағоева, ин муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати молиявии Бонки Олмонии Рушд, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва аҳолии деҳоти Алишери Навоӣ ва Маданият бунёд шудаанд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир мушкилии асосии сокинони ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» ҳолати садамавии биноҳои мактабҳои куҳна, нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимӣ, набудани утоқҳои компютерӣ ва майдончаи варзишӣ, инчунин душвории равуои толибилмону омӯзгорон дар роҳҳои бетаъмири атрофи мактаб ба шумор мерафт.

Бо бунёд шудани ду мактаби ҷадид, толибилмон аз оғози соли нави хониш дар биноҳои замонавӣ таҳсил мекунанд.               

Дар маросими ифтитоҳи ин мактабҳо раиси ноҳияи Қумсангир Холмаҳмад Раҳмонов, намояндагони вазорати маорифи ҶТ ва сохторҳои маблағгузор, инчунин сокинони деҳоти Алишери Навоӣ ва Маданият ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.