Ифтитоҳи бузургтарин корхонаи сементбарорӣ дар Ёвон бо иштироки президент

Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин корхонаи азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре зикр гардид, бунёди […]

ASIA-Plus


Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин корхонаи азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, бунёди ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони чинии онҳо аз ширкати дар ҷаҳон маъруфи Хуаксин семент расо як сол пеш оғоз ёфта буд. Дар зарфи як сол дар ин ҷо корхонаи бузургтарини сементбарории Тоҷикистон ва аз ҷиҳати технологӣ навтарин дар Осиёи Марказӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба кори ин соҳибкорони ташаббускор ва баору номус баҳои баланд дод ва арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо зиёда аз ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1800 то 7 ҳазор сомонӣ таъмин гардидаанд, ки беш аз 800 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми як соли оянда шумораи коргарону мутахассисони ватанӣ дар ин корхона беш аз 90%-ро ташкил диҳад. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона аз 630 то 650 нафар бинокорон ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ин корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологияи ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, бо вуҷуди истифода аз ангишт ба ҳайси сӯзишворӣ, аз худ на чанг мебарорад ва на дуд. Умуман дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, ҳатто хокистари ангишт ба ҳайси яке аз ашёи таркибии семент истифода мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти ширкати чинии Хуаксин семент ин ширкат беш аз 100 корхонаи бузурги семент дошта, ҳамасола беш аз 70 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад. Тавре таъкид гардид. дар миёни ҳамаи ин корхонаҳо дорои навтарин технология ҳамин корхонаи дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ифтитоҳёфта мебошад.

Барои кор бо чунин дастгоҳҳои технологияи навтарини ҷаҳонӣ дар зарфи 5 сол беш аз 300 нафар мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар курсҳои шашмоҳаи омӯзишӣ ва такмили ихтисос таълим дода мешаванд. Дар даври аввал, аллакай 81 нафари онҳо таҳсил намуда, бо донишу малакаи баланди касбӣ имрӯз дар ин корхона фаъолият доранд.

Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда навъи 500 буда, ба меъёрҳои баландтарини стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯй аст. Мутобиқати семент ба чунин стандартҳо дар озмоишгоҳҳои корхона, ки бо навтарин дастгоҳҳои ташхисӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, санҷида ва сертификати сифат дода мешавад. Ба навъи 500 мутобиқ будани сементи корхона дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ амалан санҷида шуд.

Ба иттилои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна семент аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Таъкид гардид, ки “акнун имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи он ба хориҷи кишвар табдил ёбад, зеро минбаъд дар ҷумҳурӣ беш аз талаботи дохилӣ ин маҳсулот истеҳсол хоҳад шуд”.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо аҳли заҳмати он ва роҳбарияту фаъолони ноҳияи Ёвон мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳ намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.