Ҳизби аграрӣ низ бо номзади худ дар интихобот иштирок мекунад

Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амир Қарақулов хабар дод. «Дар интихоботи президентӣ мо номзади худро пешбарӣ мекунем ва бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нестем», – зикр кард раиси ҲАТ. Ба қавли […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амир Қарақулов хабар дод.

«Дар интихоботи президентӣ мо номзади худро пешбарӣ мекунем ва бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нестем», – зикр кард раиси ҲАТ.

Ба қавли ӯ, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар анҷумани ҳизб, ки санаи 17-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар аъзо дошта, раҳбари ҳизб умедвор аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳизби ӯро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро 80%-и аҳолии ҷумҳурӣ мустақиман ё ба ҳар гунаи дигаре ба бахши аграрии иқтисод муносибат доранд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд. Узви ҳизб, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов ба номзадии аъзои палатаи болоии парлумон (интихобот рӯзи 14-уми сентябр) пешбарӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.